Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ,
радиатсионӣ ва ядроӣ
мақоми танзимгари давлатӣ

Экспедитсияи илмӣ дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳраки қадимаи Карон

02.08.2024

 

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ ин гузаронидани  мониторинги радиатсионӣ ва арзёбии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки мунтазам он аз ҷониби кормандони Агентӣ мавриди  омӯзиш қарор мегирад.

 

Дар доираи як сафари экспедитсионӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз ва атрофи он, ки аз  29 июл то 4 августи соли 2024 бо мақсади омӯзиши ҳолати радиатсионӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ идома дорад.  Ҳамзамон, мутахассисон намунаҳои об, хок ва ҳаворо ҷамъоварӣ намуданд, ки он барои санҷиш ва муайянкунии ҳолати радиатсионии ин минтақа арзёбӣ мегардад.

 

  
Ҳамчунин дар доираи ин сафар дар заминҳои шаҳраки қадимаи Карон низ корҳои экспедитсионӣ гузаронида шуда, кормандони Агентӣ  аз вазъ ва ҳолати радиатсионӣ дар ин минтақаи таърихӣ шинос гардиданд. Дар ҷараёни ин сафари илмӣ, инчунин аз макони таърихӣ барои таҳқиқоти минбаъда, намунаҳо гирифта шуд. 

 

 

Бояд таъкид намоем, ки аз рӯи натиҷаҳои экспедитсияи илмӣ, харитаи радиатсионии  минтақаи таҳқиқшаванда тартиб дода мешавад, ки он тибқи нақша- чорабиниҳои тасидиқгаридаи роҳбарияти Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ вобаста ба гузаронидани мониторинги радиатсионӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол дар назар аст.